Буттаи чойи чинӣ – чойи худро парвариш намоед!

picture

Camellia sinensis

Дар охири фасли зимистон ҳар ниҳолпарвар аллакай кадом ниҳолҳо ва ё тухмҳоро парвариш карданро ба нақша мегирад. Ҳар сол парвариш кардани помидорҳо, қаламфур ва бодиринг ба Шумо ҳаловат намебахшад? Шумо мехоҳед боз дигар чизеро парвариш намоед? Ягон чизи аҷиберо? Шояд Шумо чойи худатонро парвариш мекунед!

picture Ба оили чойи (Camellia), тақрибан 50 навъҳои ҳамешасабзи буттаҳо ва инчунини дарахтони хурди тропикӣ ва субтропикӣ таалуқ доранд, ки яке аз онҳо буттаи чойи чиннӣ (Camellia sinensis) мебошад. Ин ниҳоли зироатии хеле кӯҳан аст, ки аз қисмҳои ҷануб ва ҷанубу шарқии Чин ва баъзе минтақаҳои Ҳиндустон, Бирма, Ветнам ва Лаос дар тӯли ҳозорсолаҳо парвариш мешавад. Чун ин ниҳол дар тропикҳои тамоми ҷаҳон парвариш мешавад, аз ҳама машҳуртарин истеҳсолкунандагони чой Чин, Ҳиндустон, Шри-Ланка ва Ҷопон боқӣ мемонанд.

picture

Тухмҳои буттаи чой

Парвариши чой дар вазъиятҳои мо душвор нест. Асоси он тухмҳои тоза мебошанд, чун тухмҳои буттаи чой тез кӯҳан мешаванд. Тухмҳои доирашакл буда ва 2–3 рӯз пеш аз шинонидан, онҳоро тар кардан лозим аст. Дар ҳарорати 20–25 С° пас аз 2–4 ҳафта онҳо мерӯянд. Дар ҷойҳои офтобӣ ниҳолҳои ҷавон тез мерӯянд, ва ниҳолҳои нимсоларо Шумо аллакай метавонед қайчи занед. Тариқи дуруст қайчи задан Шумо бутта намуди паҳнаро мегирад, ва ашъёи чой омода мешавад.

Тобистон буттаи чойро дар ҳавлӣ, боғ ва ё дар айвон парвариш кардан қулай аст. Тобистон гарм ва ба тавари даврӣ об додан бештар барои шароите ватани чой рост меояд. Гарчи сифати чойи дар боғ ва ё айвони худ парвариш ёфта бо чойи ҳақиқии дар тропикҳо парваришшуда баробар шуда наметавонад, парвариш кардани он ба шумо ҳаловат мебахшад ва дар ҳолати хуб парвариш кардан ба Шумо боз гулҳои сафедро тақдим хоҳад кард. Зимистон буттаи чойро метавонед дар назди равзана гузоред. Чун гап дар бораи буттаи ҳамешасабз меравад, зимистон ба ӯ нури офтобӣ намерасад ва дар давоми зимистон баргаҳои он хам шуда мерезанд. Аммо бо омадани баҳор ҳолати бутта тез беҳтар мешавад ва Шумо боз чойи худро метавонед гирдоварӣ намоед.

Printed from http://www.botanix.kpr.eu/tg/print.php?t=5