Парвариши дарахти себ дар шакли дуки баланду борик

Иқтисоди бозоргонӣ бо худаш бисёр тағйиротҳоеро овард. Яке аз онҳо афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ буд, ки барои баланд бардоштани тавлиди истеҳсолот ва ба рақобатпазирии истеҳсолкунандагони мо равона шудааст. Дар боғдорӣ, ин ҳаракат барои самаранок истифода бурдани замин барои зироат, мазмуни ин афзоиш давраи гузариш аз қисми болоии дарахтон ва буттаҳо ба қисми поёнӣ мебошад. Парвариши дарахтони бо қисми болоии паст бидуни баҳс бисёр фоиданок аст, корро осон мекунад ва сифати меваро ба сатҳи нав мегузорад. Дар дарахтони себ, намояндаи дарахтони бо қисми болоиашон паст, ин дарахтони пастрӯянда мебошанд, «дуки баланду борик», «дуки баланду борики олӣ», «дуки офтобӣ» (solar axe) ва ғайраҳо. Яке аз умедбахштарин ва мавриди истифодабудаи онҳо ин дарахти бо шакли «дуки баланду борик – стройное веретено» аст.

«Дуки баланду борик» як шаклест барои парвариш, ҳам барои истеҳсоли бузур ва ҳам барои боғҳои хурд аст. Шумораи зиёди шинонидани дарахтон ва буттаҳо дар ҳоли ҳозир худи ҳамин намуд аст. Онро аслан ба дарахтони себ ва нок истифода мебаранд, инчунин онро боз барои дигар намудҳои меваҳо ба монанди (олуча, олу, кишмин, шафтолу ва ғайраҳо) истифода мебаранд. Себҳои бо қисми болоии «дуки баланду борикро» мо ҳадди ақал то 2,2 – 2,5 м парвариш менамоем. Ин баланди барои нигоҳубини оддӣ ва ҳосил гирдоварӣ имконияти хуб медиҳад. Дар ҳолати нигоҳубинии дуруст 80% меваҳоро аз замин ғундоштан мумкин аст. Шинонидани наздикро мо тариқи кӯтоҳ кардани фосилаҳо фароҳам оварданамон мумкин аст, аз рӯи таҷриба фосила байни дарахтон дар саф 0,8 – 1,2 м аст, сафҳо аз ҳамдигар вобаста аз истифодаи механизатсия дар 2,5 – 3,5 м мебошад. Ин барои шинонидани 3000 – 3500 дона дарахтонро дар гектар имкон медиҳад. Барои ин намуд шинонидан бо имкон бошад, бояд ниҳол тухмҳоро, ки дар пояҳои сустрӯянда ё ҳади ақал дар пояҳои миёнарӯянда парвариш шуда бошанд.Ба себ пояи М9 стандартӣ мебошад, дигар пояҳо ҳам ҳастанд, мисол: J-TE-E, F, G, H, J-OH-A, M27, MM106. Бо пояҳои сустрӯянда ва бо чуқӯрии хурди онҳо тақрибан 30 – 40 см системаи реша боз системаи нигоҳдорӣ ва сохтумони обёрии он алоқамандӣ дорад.

Сохтумон аз чӯбаҳои акасия ё сутунҳои бетонӣ стандарт аст, ки ба онҳо се қатор симҳои пӯлодӣ дар баландии 60, 120 ва 180 см кашида мешавад. Ин сохтумон чун пешгири аз қаҷшавии дарахтон истифода мешавад, инчунин он барои бастани шохаи миёна ва сара дар вақти рӯйиши онҳо лозим аст, ва боз барои бастани танаҳое, ки бо себҳо рехта мешаванд лозим хоҳад шуд. Барои обёрӣ асосан чакка-обёрӣ истифода мешавад, ки хеле коромад аст, вай бевосита ба реша таъсир мерасонад ва тариқи он дарахтонро ҳосилхез кардан мумкин аст. Судмандии асосии «дуки баланду борикро» мо бо якчанд нуктаҳо хулоса кунем:

Ҳамчун як маводи роҳ раванда мо ниҳолҳои як ё дусоларо истифода мебарем. Онҳо дар шакли ниҳоли найзадор бошад ё аллакай ниҳоли сабзшуда метавонанд бошанд. Мо онҳо бо усули классикӣ мешинонем, дастгирӣ бояд танҳо ба чуқурии шинонидан ба назар гирифта шавад. Ҷойи моякӯбӣ пас аз шинонидан минимум 10 см аз рӯи замин бошад. Бо ин таъсири хостаи сусти тана нигоҳ дошта мешавад, инчунин мо аз хатари тағйири намуд дур мешавем.

Дар вақти бурриш ва сохтани сараи дарахт мо бояд дар бораи шакли болоии дарахт фикр кунем, ки танҳо бо дуруст сохтани қисми болои дарахт ва нигоҳубинии он ҳосилдиҳӣ ва бузургшавии пурраи он таъмин мешавад, ки ба он ин дарахт парвариш шуда истодааст. Ҳадаф парвариш кардани танаи 2 – 2,5 м мебошад, ки дар дигар шохаҳо дуруст ҷойгир шуда қисми болои дарахтро рост мекунанд. Дар ин шохаҳо ҳимаҳои мевадиҳанда қарор доранд. Дар ягон ҳолат ба рӯйидани шохаҳо берун аз сохти дарахт имкон надиҳед. Чун рӯйидани шохаҳо берун аз сохти асосии дарахт мувозинатро вайрон мекунад, ва ғизоҳои дарахт дуруст тақсим нашуда тартиби қувваи он дуруст намешавад. Дарахт дар давоми ҳаёти худ бояд шакли секунҷаро нигоҳ дорад, ва ин ба он имкони медиҳад пурра аз нурҳои офтоб истифода барад.

Бурриши асосӣ ин буррши тана тақрибан ба 80 – 90 см дар рӯи замин аст. Агар шохаҳое аллакай бошад, мо онро намебурем ва кӯтоҳ намекунем, танаро тақрибан аз 30 – 40 см боло аз охирин шоха мебурем, вобаста аз ҳолати умумӣ ва пурқувватии дарахт. Дар фасли нашъунамо дарахт дар балои худ 30 см шохаҳои нав мебарорад, ки онҳоро мо зимистон мисли соли қаблӣ мебурем. Танаро аз 30 – 40 см боло аз баландтарин шоха мебурем, шохҳоро кӯтоҳ намекунем. Шохчаҳои захмдор ва дахлкунандаро мебурем. Бо ҳамин усул мо ҳар сол дарахтро нигоҳубин мекунем, то дарёфт кардани баландии дархоста. Дар синни калон барои дарахт, мо танҳо дарахтро бо буридани шохаҳои нолозим тоза мекунем, бо ин роҳ метавонем танаро то шохи поёни кӯтоҳ кунем, инчунини шохчаҳои хурди дахлкунанда ва сабзаҳои танаро бо бурриш тоза мекунем. Кӯтоҳ накардани шохҳо муҳим аст. Ин ба пур шудани шохчаҳо оварда мерасонад, ки ҳамаи ғизоҳои дарахт ба шохчаҳо сарф шуда, ба ҳосил таъсирb манфӣ мерасонад.

Дигар нигоҳубин чун нигоҳубини дигар навъҳои дарахтон мебошад. Аз ҳама муҳимЮ порудиҳӣ, обёрӣ, ҳифз аз касалиҳо ва зиёноварон, инчунин барои сифати меваҳо даста-даста кардани ҳосил ногузир аст. Оиди намояндагии навъҳо, умуман, мо ҳамаи навъҳоро метавонем истифода барем. Аммо ба назар гирифтани талаботи махсуси баъзе навъҳо лозим аст. Мисол, дар вақти шинонидани ҳар навъ шахсан наздик бояд шуд, мевадиҳандаҳо дар дарахтони баланд (Rubín, Rubinola, Bohémia, Bohémia Gold ва ғайраҳо.). Инҳо сараи васеъ доранд ва истеъдоди «нозуккунии» шохаҳоро доранд. Барои ҳамин бурриши барвақт дар тобистон бо муваффақият анҷом мешавад ва дигар амалиётҳо барои суст кардани рушд ва зиёд кардани ҳосил иҷро карда мешавад.

Манобеъ: Комжик, M. (Komžík, M.) (2002): Парвариши дарахтони себ дар шакли дуки баланду борик. Ниҳолҳои мо 1/2002. компл. 3. КР (KPR) Словакия.

Printed from neznama adresa