Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Гамбӯсаки колорадо зидди NOVODOR FC

Гамбӯсаки колорадоро (Leptinotarsa decemlineata) ман метавонам инҷо муаррифӣ нанамоям. Ҳар кас онро чун як зараррасони картошка – себи заминӣ медонад ва онро бидуни истифодаи моддаҳои «кимёвӣ» аз байн бурдан амри маҳол аст. Аммо на ҳама медонанд, ки дар ҳоли ҳозир аллакай доруҳои биологӣ вуҷуд доранд, ки маҳз бо кӯмаки онҳо ин гамбӯсак дигар ҳаросонкунанда нест.

Аз куҷо пайдо шуд?

Гамбӯсаки колорадо ба Аврупо аз Амрикои Шимолӣ оварда шуд. Аввал вай дар ҷойҳои хурд дар Кордилер зиндагӣ мекард ва баргҳои ваҳшии оилаи Solanaceae истеъмол мекард. Вақте, ки себи заминиро (номи гиёҳшиносиаш Solanum tuberosum) дар тамоми Амрико кишт карданд, гамбӯсаки колорадо аз баргҳои ваҳшӣ ба себи заминӣ «ҳуҷум» кард. Дар ҳоли ҳозир аз сабаи истеъмоли васеъи себи заминӣ дар тамоми ҷаҳон ин гамбӯсак дар тамоми ҷаҳон намоён гашт.

NOVODOR FC – аспи троянии ҳазорсолаи сеюм?

Novodor FC 2 % протеини бактерии Bacillus thuringiensis ssp. tenebroinis дар бар мегирад. Ин бактерия танҳо даҳони гамбӯсакҳои оилаи баргхӯрандаҳоро (Chrysomelidae) бар меандозад. Аз нуқтаи назари ниҳолпарварон ва боғбонон ин танҳо ба гамбӯсакҳои баргхӯр ва гамбӯсаки колорадо алоқаманд аст (онҳо ба дарахтони ороишӣ ва буттаҳои – Fraxinus, Alnus, Salix, зарар мерасонанд).

Ин дору ба ин ҳашаротҳои дар боло ёдоваршуда касалӣ меорад. Баъд аз хӯрдани баргҳои ниҳолҳои дорудор ҳашаротҳо пас аз 2–5 нобуд мешаванд. Дору барои дигар намудҳои ҳашаротҳо зарар намерасонад, пас аз истифодаи ин дору дар ниҳолҳо ва замин ягон боқимондае намемонад. Вай танҳо ба узви истеъмоли ғизо таъсир мерасонад, барои ҳашароти калон таъсире надорад беозор аст. Барои ҳамин онро танҳо зидди ҳашароти хурд истифода мебаранд.

Барои таъсири хуби ин дору кирмҳо бояд мунтазам ғизо гиранд, баргҳо бошанда бо моеъи дору хуб ҳам аз тарафи болои ва ҳам поёни пӯшида шуда бошанд. Барои ҳамин обгина-моеъгиро дар обу ҳавои бидуни шамол дар ҳарарати баландтар аз 15 Сº пошед. Агар дар давоми 12 соат баъд аз пошидан борон борад, аз нав доруро пошидан зарур аст.

Дору боз дар пакети хурд фурӯхта мешавад, дар шишаҳои пластикии 100 мл, бо нархи тақрибан 3 Евро.

Дигар намудҳои ин бактерия кирмҳои кирмҳои шопаракҳои сафеди карамро ва дигар кирмҳои шопаракҳои зиёноварро (доруи Biobit FC) , инчунин пашаҳоро (дар мо фурӯхта намешавад) аз байн мебарад.

Дар охир аз ҳама хосияти хуб: баъд аз пошидан ниҳолҳои коркардашударо метавонед истеъмол намоед!

««« Матни баъдӣ: Мо алафи (газон) нав мехобонем Матни қаблӣ: Парвариши дарахти себ дар шакли дуки баланду борик »»»

Шанбе 6.6.2009 20:41 | Чоп | Зиёноварон

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.