Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Мо алафи (газон) нав мехобонем

Аз ҳама вақти муносиб барои хобонидани алафи нав яъне чаман ё сабзонидани алафи кӯҳна моҳҳои май или июн мебошад, аммо агар сол боришоти кам дошта бошад, вақти муносиб метавонад моҳи июл низ бошад.

1. хобонидани алафи нав Ҷойе, ки онҷо Шумо мехоҳед чаманеро бунёд кунед, аввал тақрибан 10–15 см бояд заминро кобед. Баъдан болои заминро паҳн кунед ва кӯбед, мисол, бо ғалтак ё панҷшох.

Баъдан Шумо ду имконият доред:

a) паҳн кардани алаф Дар аввал масоҳатеро, ки онҷо мехоҳед алафро хобонед, чен кунед. Хароҷоти маводҳои алафро ҳисобу китоб кунед: 25 г маводи коштаниро ба 1м² ҳисоб кунед + ба ҳар 10 м² илова намоед 25 г маводи коштани барои пурра коштани имконпазирӣ. Дар вақти харидани маводҳои коштани ба тозагии он таваҷҷӯҳ кунед, чун маводҳои коштани тез тоза будани худро гум мекунанд (аллакай ба соли дуюм вай ба миқдори 50% кам мешавад). Дар вақти харидан ба дуруст захира шудани маводи коштани дар мағоза таваҷҷӯҳ кунед (агар нам бошад, эҳтимол тухмҳо ба сабзидан шурӯъ кардаанд, беҳтараш онро нахарида – ноумедии зиёдатӣ ба Шумо лозим нест). Нархи миёнаи маводи коштани дар мағоза 3–5 Евро/кг (вобаста аз навъ). Дар вақти харидан маводи коштаниеро интихоб намоед, вобаста чи тавр Шумо онро мехоҳед истифода баред (Шумо эҳтимол мехоҳед дар болои ин алаф бисёр роҳ гардед, ё онро барои майдончаи варзишӣ истифода мебаред ё баръакс нақшаи болои он роҳ рафтанро надоред ва эҳтимолан мехоҳед барои таъмини паррандаҳои хонагӣ бо ғизо истифода баред). Ҳеҷ гоҳ маводи коштании бе барчасбро нахаред!

Ширкатҳои ҷиддӣ варақаҳои иттилоотро доранд, ки ба Шумо барои интихоби чизе аз байни бисёр миқдори намуди алафҳо кӯмак хоҳанд расонид. Аз рӯи дархост ба Шумо дар ҳар мағозаи хубе пешкаш мекунанд. Маводи коштании харидаро дар ҷойи хушк, хунук ва торик бояд нигоҳ дошт. Мо ба Шумо тавсия медиҳем, ки маводҳои харидаатонро ба соли минбаъда нагузоред, чун он тез хосияти сабзиши худро гум мекунад. Маводи коштаниро «бо тамоми паҳна» моҳи май коред (имсол дар моҳи июл). Пеш аз коштан бо ёрии чангакҳо заминро тақрибан ба 1 см мулоим кунед. Баъд аз коштан масоҳатро кӯбед (мисол, бо ёрии ғалтак) ва хуб нам кунед. Маводи коштаатон тақрибан дар 14 рӯз месабзад. Вақте, ки алаф тақрибан 10 см месабзад, аввал онро паст кунед. Пас аз паст кардан, агар дар майдон ҷойҳои холӣ бошад, Шумо метавонед он ҷойҳоро пур кунед. Барои ғафс кардани алаф, онро ҳар 1–2 ҳафта то моҳи сентябр паст кунед. Алафҳои пас аз паст кардашударо ҳеҷ гоҳ напартоед! Як бори дигар бо таваҷҷӯҳ мақолаеро дар охирин саҳифаи ин шуморо мутолиа намоед.

б) барои хобонидани алаф гилемҳои алафии пешаки сабзонидашударо истифода баред Ин усул хеле осон, аммо хеле гарон аст. Аз дигар тараф хеле судманд мебошад, чун ширкатҳое, ки Шумо аз онҳо гилемҳои алафии пешаки сабзонидашударо мехаред, боз ба нархи худ хобонидани онҳоро илова мекунанд. Аз ин рӯ, анҷом додани ҳамаи кор бар дӯши Шумо нахоҳад буд. Барои хобонидани алаф-чаман гилемҳои алафии пешаки сабзонидашударо истифода баред. Нархи онҳо бо хобонидани онҳо, тақрибан 90–150 СК/м² (вобаста аз навъ) мебошад.

2. нигоҳубини алафи кӯҳан Ҳар фасли баҳор (бо назардошти обу ҳаво дар март – май) бо чангакҳо алафҳоро аз баргҳо ва алафҳои хушк тоза кунед, агар лозим бошад, ҳамин тавр онҳоро боз сабзонед. Чаман дар давоми зимистон барфро «мекашад», барои ҳамин онро дар фасли баҳор бояд гардиш кардан лозим аст. Инчунин барои зиндагӣ бахшидан ба чаман ҳаводиҳӣ – аэратсияи замин низ таъсири хуб дорад. Барои ин ҳадаф Шумо метавонед як олоти соддаеро – «ҳаводиҳанда – аэратор» омода созед. Барои ин як тахтаи ғафсиаш 2–3 см, ҳаҷмаш такрибан 30 х 30 см омода созед. Ба вай 10 см мехҳо ҳамин тавр занед, ки аз дигар тараф онҳо намоён шаванд. Фосила байни мехҳо бояд 2–3 см бошад. Бо ин усул тахтаи ба он мехҳои задашударо бо дастаки чӯби (дарозии он вобаста ба қомати шумо бояд бошад, барои он ки Шумо тавонед бо «ҳаводиҳанда» бидуни мушкили бо роҳат кор кунед). Ҳамеша пас аз паст кардани алаф ба замин мехҳоро ҳамин тавр фишор диҳед, ки Шумо тавонед ба тахта рост шавед. Пас онҳоро гирифта ин амалро дар тамоми чаман такрор кунед. Дар ҳолати лозим Шумо метавонед аз панҷшох низ истифода баред. Агар Шумо ба чаман об додани хоҳед, пас ин корро баъди ҳаводиҳӣ анҷом диҳед. Об дар ин ҳолат ба ҷое мерасад, ки онҷо бояд ҳатман равад – яъне ба решаҳо.

««« Матни баъдӣ: Мо зидди гамбӯсакҳои ғалла мубориза мебарем Матни қаблӣ: Гамбӯсаки колорадо зидди NOVODOR FC »»»

Шанбе 6.6.2009 20:33 | Чоп | Алаф

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.