Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Мо зидди гамбӯсакҳои ғалла мубориза мебарем

Шояд муаррифии гамбӯсакҳои ғалла барои ягон кас лозим нест. Ин гамбӯсакҳои ғалла (3–4 мм) буда, қариб ҳама аз байни тухмҳои лӯбиёдонаҳо дар ошхона дарёфт карда бошанд.

Зиёноварон дар тухмҳои ҳамаи намудҳои лӯбиёдонаҳо паҳн мешаванд. Қариб ҳа намуди лӯбиёдонаҳо гамбӯсаки ғаллагии «худро» дорад: лӯбиё – лӯбиёгӣ, нахуд – нахудӣ, марҷумак(чечевитса) – марҷумакӣ, бақол – бақолӣ,…

Дар зери ҳуҷум тухмҳо дар ҷояшон монда, тухмҳо хоййида мешаванд, меафтанд, ва гамбӯсакҳои калон баъд аз худ сӯроҳиҳо мегузоранд. Баъзе аз намудҳо (мисол, гамбӯсаки ғаллагии лӯбиё) бештар дар вақти дар захира нигоҳ доштани тухмҳо зарар мерасонанд (чун дар вақти захира шароити хубе ба онҳо муҳаё мешавад), ҳарчанд ниҳолҳо аллакай дар худи зироат зери ҳуҷуми онҳо қарор мегиранд. Хушбахтона зидди ин гамбӯсакҳо бо осонӣ ва таъсирнок (таъсирнокии баробар ба 100%!) метавон мубориза бурд.

Баъд аз ғун кардани ғӯзапунбаҳо бо тухмҳои пухта расида, фавран онҳо тоза кунед. Агар байни онҳо ягон осебдидаеро пайдо кунед, ҳамон замон онро нобуд кунед (беҳтараш сӯзонед).

Баъдан тухмҳоро ба пакет (селлофанӣ ё материалӣ) гузоред ва онҳоро ба муддати 48 соат дар яхдони хеле сард нигоҳ доред. Баъд аз ин амал Шумо гамбӯсаки ғалларо дар ҳамаи сатҳи афзоиш нобуд хоҳед кард. Тухмҳоро баъд аз гирифтан аз яхдон ба рӯи қоғаз паҳн кунед ва дар ҳарорати хона бо мӯҳлати 2–3 рӯз хушк кунед. Пас то истифода бурдани онҳо, Шумо метавонед тухмҳоро дар пакет нигоҳ доред. Аммо бо ин усул тухмҳо захирашуда метавонанд зери ҳуҷуми гамбӯсакҳои ғалла аз тухмҳои аз мағоза харидашуда монанд.

Барои ҳамин беҳтараш тухмҳоро дар бонкҳо бо сарпӯши маҳкам захира кунед. Тухмҳо бояд пурра хушк бошанд, вагарна онҳо бӯй мезананд. Бо ҳамин усул, Шумо метавонед мутмаин бошед, тухмҳои шумо ба гамбӯсакҳо дастрас нашаванд.

Зидди гамбӯсакҳои ғалла Шумо метавоне тариқи интихоби навъҳо мубориза баред. Баъзе навъҳое ҳастанд, ки умуман гамбӯсакҳо онҳоро дӯст намедоранд.

««« Матни баъдӣ: Палмаи Parajubaea torallyi Матни қаблӣ: Мо алафи (газон) нав мехобонем »»»

Шанбе 6.6.2009 20:31 | Чоп | Зиёноварон

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.