Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Шинонидани пиёзгулҳо ва ниҳолҳо

Ниҳолҳои (ниҳолҳои тухмӣ) харида ва ба Шумо тариқи почта фиристодашударо, аз пакет берун карда онҳоро дар як ҷойи торикӣ ба мӯҳлати 2–3 рӯз гузоред. Усули дигар фавран онҳоро Шумо метавонед шинонед, баъдан онҳоро ба як ё ду рӯз рӯйпӯш (мисол, бо қоғаз ва ё тахтачае) кунед, ин ба хотири пешгирӣ ва муҳофизат кардан аз нурҳои бевоситаи офтобӣ мебошад. Агар пешгирӣ накунед ва дар дигар ҳолати ғайр Шумо метавонед дар зери хатари нурҳои офтобӣ гузошта тухмҳоро нобуд созед.

Шинонидани ниҳолҳои пешаки сабзонидашуда

Чуқуриеро бо назардошти ниҳол кобед. Ниҳолро аз гулдони (дар ҳолати ниҳолҳои ба пакетҳои селлофанӣ озодона ҷой кардашуда аз халтаҳо) гирифта решаашро ба ҳар тараф паҳн карда ба чуқури ҷой кунед. Ба чуқури каме об резед ва баъд аз он, ки замин обро ҷаббида мегирад, решаи ниҳолро бо хок пӯшед. Бо ҳамин роҳ дигар ниҳолҳоро низ шинонед. Баъд омода кардани ҷӯякҳо ба ниҳолҳои нав шинонидашударо об диҳед. Дар рӯзҳои аввали баъд аз шинонидан аз рӯи ниёз об диҳед, дар вақти обу ҳавои гарм ва офтобӣ ба ниҳолҳо бояд соя лозим аст. Дар давоми 1–3 ҳафта ниҳол пурра реша мегирад, баъдан онҳо мисли дигар ниҳолҳои дар боғ буда нигоҳубин кунед.

Шинонидани пиёзгулҳо ва себакҳо

Пеш аз ҳама ҷоеро кобед, ки дар онҷо Шумо мехоҳед пиёзгулҳо ва себакҳоро шинонед (номи умумии баъдӣ «пиёзгулҳо»). Пеш аз шинонидан пиёзгулҳоро аз халтачаҳои қоғазӣ берун кунед. Чоҳи чуқурро кобед (ба ҷадвал нигаред) ва қисми болои сабзишро боло карда пиёзгулро ба чоҳ гузоред. Бархе аз навъҳои чапа шинонидашудаи пиёзгулҳо нобуд мешаванд. Баъдан пиёзгулро бо хок пӯшида каме онро фишор диҳед. Агар обу ҳаво хушк бошад, баъд аз шинонидан ба хок об резед. Агар Шумо дар мобайни тобистон лолаҳо мешинонед (Шумо ҷойе барои захираи онҳо надоред ва ё Шумо ба мӯҳлати тӯлони ба истироҳат меравед), дар ин ҳолат ба онҳо об нарезед. Пиёзгулҳо захира шуда меистанд ва бо якум боришоти тирамоҳӣ нашъунамо хоҳанд кард.

Пиёзгулҳои хурдро, инчунин пиёзгулҳои дар шароити душвор парваришшударо, ба чоҳи на он қадар чуқур шинонед. Фосилаи чуқурии шинонидан аз канори пиёзгул то қишири хок мебошад! Дар ҳолати мурдани қисми аз хок беруни пиёзгул, пиёзгулро аз хок берун мекунанд. (ин ба ҳамаи пиёзгулҳо ба ғайр аз савсанҳо вобаста аст) – дар вақти гармӣ ё аввали хушкии тобистон, инчунин пешаки дар моҳи май. Пиёзгулҳои ҳамаи навъҳоро баъд аз берун кардани онҳо аз замин метавон дар хушки то фасли тирамоҳ нигоҳ дошт (мисол, сирпиёз, заъфрон, лола). Дигар навъҳо ба мисоли, савсани сафед, пиёзи афъӣ, птитсемлечник ва купене захираи ин навъҳо дар ҷойи хушк осеб мерасонад, ё тамоман нобуд мешаванд. Ин навъҳо, ки ба хушкшавии пиёзгулҳояшон тобовар нестанд, беҳтараш онҳоро бо хокашон ба мӯҳлати на он қадар тӯлонӣ аз як ҳафта нигоҳ дошта мумкин аст (ба мӯҳлати як ҳафта дар хушки метавонанд бидуни ягон хатар захира шаванд, ба мӯҳлати тӯлонӣ нигоҳ доштани онҳо дар хушки тавсия намешавад).

Намуд Вақти шинонидан чуқурии шинонидан бо см
Сирпиёзи на он қадар калон бо пиёзгули то 2 см – мисол: Allium carinatum, flavum, molly, oleraceum, scorodoprasum 7.-10. 5–8
Сирпиёзи калон бо пиёзгули то 10 см – мисол: Allium giganteum, karataviense, nigrum 7.-10. 10–15
Colchicum – бевақтии тирамоҳӣ 8. 15
Crocus – заъфрони баҳорон мерӯйида (Crocus chrysanthus, Crocus vernus) 10. 9
Crocus – заъфрони тирамоҳ мерӯйида (Crocus sativus) (7.-)8. 9
Gladiolus – занбуқ, савсан (навъҳои боғӣ) 4.-5. 10 (кӯчактарҳо 5)
Gladiolus – занбуқ, савсан (навъҳои ботаникии аҷиб-бегона) 9. 5–8
Lilium candidum – Савсани сафед 8. 3
Lilium – Савсан, дигар навъҳо 9.(-10.) 5–15 тибқи намуд
Muscari – мускари, пиёзи аъфӣ, сунбули деворӣ 7.-10. 8–10
Narcissus – наргис 8. 10
Ornithogalum umbellatum – Савсани чатрӣ 7.-10. 10
Polygonatum – Меҳри Сулаймон 8.-10., 2.-3. 10
Лолаҳои на он қадар баланд бо пиёзҳо хурд, мисол: Tulipa chrysantha, tarda, saxatilis, turkestanica, urumiensis 10. 10
Лолаҳои баланд – Лолаи Грейг (Tulipa gregii), Лолаи Фостер (Tulipa fosteriana), Лолаи Кауфман (Tulipa kaufmanniana) ва дигар пайвандиҳои боғӣ 10. 12–14

Зиёд кардани савсан бо пӯстаҳои пиёзӣ picture*** Намунаи зиёдкунии савсан бо пӯстаҳои пиёзӣ

Аз ҳама усули соддатарини зиёдкунии савсан – бо воситаи пӯстаҳои пиёз.

Пӯстаҳои пиёзҳоро беҳтараш ба қуттие хурде гузоред (чун тағор) ба чуқурии 1–2 см (=ғафсии замин дар болои пӯстаҳо) ва онҳоро ба муҳите гузоред, ки дар онҷо ҳарорати рӯзона 25–30 °C ва шабона тақрибан 22 °C бошад (шабона ҳарарат эҳтимол поён мешавад, аз ҳама зарураш ҳарорати мутобиқи рӯзона аст) (мисол: гармхона, гулхона, назди тиреза). Зерлоя бояд хушк бошад. Дар шароитҳои додашуда дар қисмати поёни пӯстаҳо татбиқан пиёзҳои нав шакл мегиранд. Дар як пӯста дар тӯли 1–3 моҳ 2–3 пиёзҳо бо ҳаҷми тақрибан 1 см пайдо мешаванд. Агар пӯстаҳои сабусакҳо дар охири июл гирдоварӣ шуда шинонида шуда бошанд, пас дар нимаи аввали моҳи сентябр Шумо метавонед онҳоро ҷамъоварӣ намуда ба клумба-гулдон шинонед, ба чуқурии то 2 см. Ҳар пӯстаро бо як пиёз ба фосилаи тақрибан 4 см аз ҳам дигар шинонед. Дар клумба-гулдон пас аз 4–6 соли парвариш Шумо пиёзаҳои аълосифати қобили шукуфтаниро дарёфт кунед.

Шинонидани тухмҳои пиёзгулҳо

Баъзе навъҳои пиёзгулҳоро хеле тез ва самаранок зиёд кардан мумкин аст. Тухмҳоро бевосита дар моҳи марте-апрел ба замин ё ба гулдонҳои омодашуда ба чуқурии то 0,5–1 см шинонед. Дар соли якум онҳоро ба дигар ҷой нашинонед, дар ҳамон ҷойи аслӣ гузоред. Баъзе навъҳо соли баъдӣ мешукуфанд. Бисёр намудҳо 2–5 сол баъд аз мешукуфанд. Аз рӯи қоида, намудҳои хурдтар назар ба намудҳои калонтар тезтар мешукуфанд.

««« Матни баъдӣ: Дастури рӯёнидан ва парвариш кардани ниҳолҳо аз тухмҳо Матни қаблӣ: Буттаи чойи чинӣ – чойи худро парвариш намоед! »»»

Шанбе 6.6.2009 19:49 | Чоп | Дастури рӯёнидан ва парвариш

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.