Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Роҳнамои коштани тухмҳои ниҳолҳои ҳашаротхӯр

picture

Равғанвода – Жирянкаи балканӣ (Pinguicula balcanica)

Тухмҳои ниҳолҳои ҳашаротхӯр қобилияти рӯйиши худро ба як давраи кӯтоҳи вақт нигоҳ медоранд. Аллакай пас аз як сол рӯйиши баъзе аз тухмҳо кам мешавад. Барои ҳамин тухмҳои тару тозаи дастрас кардагии худро ҳамон замон тез бояд кишт

Барои шинонидан ду зарфро тайёр кунед. Якум аз рӯйи ҳаҷм бояд на хурдтар аз 10×15×10 см (д x в x б) ва дуюм – бештар аз 10 см аз ду тараф. Калонтар аз онҳо на бояд барои рехтани об сӯрохӣ барои об дошта бошад ва пӯшидани он бо оина ё сарпӯши шаффофи пластикӣ дошта бошад. Хурдтар бояд на кам аз 3–5 сӯрохи бо диаметрӣ на кам аз 1 см барои гузаштани ва ё рехтани об фароҳам бошад. Зарфи калонро то нимаш бо об пур кунеед ва аз он як акввариуми худро созед.Ба зарф, яъне гулдони хурд зерлояи торфӣ партоед, аммо боз Шумо метавонед аз реги тоз низ истифода баред. Баъд ба сатҳи болоии зерлояи мулоимшуда баробар тухмҳоро резед. Дар охир маводи киштро ҳамин тавр ба зарфи калон гузоред, ки об ҳадди ақал то нимаи зарфи хурд расад. Баъдан танҳо интизор щудан лозим аст – дар давоми 1 моҳ дар сатҳи зерлоя навниҳолҳо ба рӯйиш шурӯъ мекунанд, ки онҳоро пас аз 3–6 моҳ Шумо метавонед кӯчонида мутобиқи ҳаҷмашон ба гулдонҳои алоҳида шинонед.

Коркарди зерлоя пеш аз кишт

То кишт кардан зерлояро бояд бебор кардан, яъне стерилизатсия кардан зарур аст. Агар Шумо регро истифода баред, танхо онро 10 дақиқа дар оби гарми ҷӯшида нигоҳ доред, агар аз хоки решадор, яъне торф, истифода кунед, ба он оби гармро резед ба хунук шудани он мунтазир шавед. Бо ҳамин усул, Шумо метавонед зерлояи бебор шударо ба даст оред ва аз ҳар гуна мағор ва сабӯсе, ки метавонад маводи кишти Шуморо нобуд кунад, озод бошед. Инчунин аз тухмҳои алафҳои бегонае, ки дар зерлоя «фаромӯш шудааст» озод хоҳед буд.

««« Матни баъдӣ: Шумо ниҳоли чоҳарбаргаро барои хушбахтӣ кишт мекунед – марсилеаи чаҳорбарга (Marsilea quadrifolia)

Якшанбе 14.6.2009 05:25 | Чоп | Дастури рӯёнидан ва парвариш

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.