Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Шумо ниҳоли чоҳарбаргаро барои хушбахтӣ кишт мекунед – марсилеаи чаҳорбарга (Marsilea quadrifolia)

picture Марсилеаи чаҳорбарга (Marsilea quadrifolia) ниҳоли сарахсӣ буда, баргҳои шакли чаҳорбаргашакл дорад. Оё ба назари Шумо наменамояд, ки вожаҳои ниҳоли-сарахсӣ ва чаҳорбарга ба якдигар муносиб нестанд? Дар ҳақиқат, ин ҳама вожаҳо ғайриоддӣ, ороишӣ будани ин ниҳолро барои боғдорӣ номаълумро тасвир мекунад.

Марсилеа решаи дароз дорад, ки бандҳои пойафзолро ба хотир меорад. Аз реша баргҳои мерӯянд, ки дар боло шино мекунанд, онҳо ба чаҳор гулбаргҳои шакли дурустдошта тақсим шуда дар назари аввал клевери чаҳоргулбаргаро ба хотир меоваранд. Тобистон дар вақти гирифтани реша аз об Шумо «овезаҳои» на он қадар хурди ба ҳаҷми лӯбиёмонандро метавонед бинед, ки дар онҳо тухмҳои микробӣ захира шудаанд – маҳз аз ана ҳамин тухмҳо муайян кардан мумкин аст, ки гап дар бораи сарахсӣ – папоротник меравад. Вай дар обанборҳои аз ғизоҳои гуногун бойи табии ва сунъӣ дар ҳар минтақаҳо, ба ғайр аз Амрикои Ҷанубӣ мерӯяд, ин ниҳол ба Амрикои Шимолӣ оварда шудааст, ки онҷо вайро чун ниҳоли-ҳамлакунанда ба шумор меравад. Дар Лаҳистон рӯйиши ин ниҳол дар табиат боз монд ва саъю кӯшишҳое барои баргардонидани ин ниҳол ба экосистема дар кӯли Гочалковитск ба харҷ дода шуда истодааст. Дар Словакия ин ниҳол дар 7 ҷойҳо дар ҳавзаи дарёи Латоритса мерӯяд. Дар гузашта ин ниҳол дар гирду атрофи дарёҳои Бодрог, Лаборетс ва Уг ба назар мерасид. Дар Чехия бошад ин ниҳол намерӯяд.

Дар тропикҳо якчанд намуд навъҳои алоқаманд мерӯяд, аммо онҳо гармиро дӯст медоранд ва аз ин сабаб кишти онҳо ба шароити мо на он қадар рост меояд. Баъзеи онҳоро дар аквариумҳо мерӯёнанд.

Дар зироат марсилеаи чаҳорбарга (Marsilea quadrifolia) навъи хеле фурӯтан аст, ки барои он як зарфи обдор бо як миқдори хок аз боғ кифоя аст. Шумо аллакай метавонед онро дар як ҳавзи ҳаҷмаш 20×20× 10 см рӯёнед. Ва тамоми сол дар берун (аз сардӣ ях намекунад). Аз сабаби фурӯтанӣ ва усули оддии парвариш ин ниҳолро ҳар шахс метавонад дар ҳар куҷо рӯёнад (ҳатто дар ҳавзчаи хурдакаке ё гулдоне, ки дар қаъраш сӯрохие надошта бошад, ва ё дар токчаи тирезаи хона).

picture Барои боғдорон-дӯстдорони ҷой ва имконияти маҳдуддошта, аз ҳама чизи хуб ин ҳавзча ё сатиле барои маводи моеъи сохтумонӣ (60 ва 80 литра тақрибан 10 Евро нарх доранд) кифоя аст. Ба даруни сатил тақрибан як бел хок партоед (то 5 см кифоя аст). Вақте ки канорҳои онро бо об пур мекунед, пас метавонед шароити хуберо барои марсилеа муҳайё мекунед. Судмандии ин дар он аст, ки ҳавз ё сатилро шумо метавонед дар боғи зимистона, хона дар назди тиреза (беҳтараш дар айвон) нигоҳубин кунед, бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки ниҳол ба нурхои офтоб ва дар ҷойи гарми хона нигоҳ дошта шавад. Дар тобистон Шумо метавонед ба айвони тарафи ҷанбу қарор дошта ва ё дар боғ нигоҳ доред.

Аммо ин ниҳол дар кӯлчаи боғ зеботар менамояд, ки ончо каме партофтани хоки гулдонӣ аз боғ ва замима кардани як ҳиссача решаи марсилеа кифоя аст. Нигоҳубин барои ин ниҳол дигар лозим нест ва худи ниҳол худашро ҳифз хоҳад кард. Ба сатҳи об марсилеа худаш мувофиқ мешавад ва аз сифати об осеб нахоҳад дид. Барои ҳамин Шумо ин ниҳолро метавонед дар ҳама обанбор бо ҳаргуна сатҳи об (5–100 см) парвариш намоед. Марсилеа баргчаро ҳамин хел мутобиқ мекунад, ки баргҳо дар сатҳи об тавонанд шино кунанд.

Аз ҳама хубтар бо тақсим кардани решаҳо ин ниҳол зиёд шуда метавонад. Решаи на он қадар калон (10 см) кифоя аст ва дар давоми тобистон дар болои об «чамани» зебо бо чаҳорбаргаҳо ба назари Шумо пайдо хоҳанд шуд.

««« Матни баъдӣ: Тамоку Nicotiana glauca – ниҳоли айвонии чашмандоз балконное растение Матни қаблӣ: Роҳнамои коштани тухмҳои ниҳолҳои ҳашаротхӯр »»»

Шанбе 13.6.2009 06:25 | Чоп | Ниҳолҳои обӣ ва ботлоқӣ

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.