Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix

Тамоку Nicotiana glauca – ниҳоли айвонии чашмандоз балконное растение

picture

Тамоку Nicotiana glauca

Хоҳиши инсон барои ягон чизи нав, ғайримуққарарӣ ва ғайрисуннатӣ ҳамеша ташна аст. Инчунин ҳар боғбон-дӯстдор мехоҳад дар боғаш ягон чизе наве кишт кунад, ки ҳеҷ кас «надидааст» ва надошта бошад. Барои ҳамин бозори гул бисёр гулҳои навро пешкаш мекунад, ки боғбонони-дӯстдоро, ки ҳамеша дар бораи ягон чизи наве орзу мекунанд, «ташнашикан» кунад. Аммо дар асоси тиҷорат навигариҳое, ки зиёд мешаванд тез ба қатори «дастабандии қаторӣ» дохил мешаванд.

picture

Тамокуи дорои ранги сабзи моил ба зард ё никотину сабзу-зард

Бештар аз ҳама гулҳои нави даҳсолаи охир ба оилаи (Solanaceae) таалуқ доранд. Аз ҳама машҳуртарин аз ин гулҳои гули атласӣ – петунья, сурфиниҳо, миллион беллз (million bells) мебошанд. Сирри комёбии онҳо рӯйидани тез, давари барвақти нашъунамо (дар ҳолати рӯёнидан аз тухмҳо камтар аз 3 моҳ, дар вақти зиёд кардан аз пайвандҳо онҳо фавран мерӯянд), инчунин онҳо ба шароити парвариш ин серталабот нестанд. Албатта, ба онҳо ҷойҳои офтобӣ лозим аст, аммо онҳо худро дар ҷойҳои камтар нурдошта ва салқин низ худро хуб ҳис мекунанд.

Аммо дар ҷойҳои мо ниҳолҳои аз оилаи Solanaceae на он қадар машҳур буданд. Мисол, картошка ва помидорҳоро ба хотир меоварем, ки дар аввал чун ниҳолҳои ороишӣ парвариш мешуданд. Дар вақти дастрас кардани маълумот оиди истеъмоли ин ниҳолҳо, аҳолӣ ба онҳо бовариашро гум кард. Аммо дар гузашти замон ин ниҳолҳо дар ҳама ҷой хеле паҳн шуда, ҷойи ниҳолҳои маҳаллиро гирифтанд ва ба маҳсулоти қобили истеъмолӣ ҳаррӯза мубадал гаштанд.

picture

Тамоку Nicotiana glauca

Дар ин шуморо мо бо тамокуи дорои ранги сабзи моил ба зард (Nicotiana glauca) чун як дарахти ғайрисуннатии айвонӣ аз Амрикои Ҷанубӣ шинос шудем. Дар шароитҳои мо ин буттаи ҳатто дарахти тез парвариш меёфта мебошад. Ин ниҳол дар ҳолати аз тухм кишт шуданаш баъд аз 2 моҳ аллакай мерӯяд. Шохаҳо дар вақти пухта расидан дар як моҳ то 50–70 см мешаванд. Чун аз номаш маълум аст, тамоми ниҳол бо сабӯси нуқрагӣ пӯшида мебошанд. Барои ҳамин бояд таваҷчӯҳ кард, ки ба ниҳол Шумо бе ягон ниёз дастрасӣ накунед, барои ҳамин дар вақти расидан ин сабӯс пок мешавад ва ниҳол ранги ҷалбнакунанди сабзи сафедтобро мегирад. Баргҳои нуқрамонанд шакли тухмро доранд ва нӯгҳояшон тез мешаванд. Дар охири шохаҳо боз гулҳое бо 20–40 гулҳои сигормонанди зард пайдо мешаванд. Онҳо 3–3,5 см дарозӣ доранд, ва васегии онҳо тақрибан 0,5 см мебошад. Дар аввали шукуфони онҳо зарду сафед бо канори ранги сабзчатоб мешаванд, баъди шукуфтан –зарди банур хоҳанд шуд. Фоидаи ин навъи додашуда ин аст, ки гулҳои онҳо ороишии худро нигоҳ медоранд. Аз рӯи фарқият, мисол аз гули атласӣ, ҳатто пас аз шукуфтан, онҳо шакли худро нигоҳ медоранд ва мӯҳлати тӯлони дар ниҳол меистанд.

Парвариши ин навъ хеле осон аст. Дар хона Шумо тамокуи дорои ранги сабзи моил ба зардро метавонед тамоми сол парвариш кунед, тобистон бошад метавонед онро дар айвон ва ё боғ гузоред. Зиёдкунии ин ниҳолро Шумо метавонед бо тухмҳои тезрӯянда вусъат диҳед. Ниҳолҳои қобилияти гулдиҳиро Шумо метавонед баъд аз 2 моҳ рӯёнед (ин мазумни онро дорад, ки агар Шумо онҳоро дар айвон тақрибан рӯзи 15 май гузоред, пас онҳоро аз нимаи март кӯчонидан лозим аст). Ниҳол дар хона ва дар шароити каме сардтар метавонад чун герань-гули шамъадонӣ (дар шароити хуби нурӣ) зимистонро паси сар намояд. Дар охири зимистонгузаронӣ тақрибан то нимаи ниҳолҳои шохаҳояшонро кӯтоҳ кунед ва бештар ба обдиҳӣ машғул шавед. Пас аз зимистнгузаронӣ, тақрибан баъд аз як моҳ нашъунамо шурӯъ мешавад. Аз ин навъи додашуда бо осонӣ метавон дарахти хонагӣ пайдо кард. Вай бо нихолтухмҳо яъне тариқи пайванд зиёд намешавад, чун онҳо на он қадар хуб реша меронанд (аммо ин мушкилие нест, чун бо осони тариқи тухмҳо метавонанд зиёд шавад). Барои ғизогирӣ низ тамоку талаботи зиёде надорад. Барои ҳосили бой Шумо метавонед ғизоҳои оддиро барои гулҳои айвонии дар таркибашон миқдори фосфори зиёддоштаро истифода баред.

««« Матни баъдӣ: Черимойя (Annona cherimola) Матни қаблӣ: Шумо ниҳоли чоҳарбаргаро барои хушбахтӣ кишт мекунед – марсилеаи чаҳорбарга (Marsilea quadrifolia) »»»

Ҷумъа 12.6.2009 03:23 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.