Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Черимойя (Annona cherimola)

Вақтҳои охир ба Аврупо бисёр меваҳои аҷибро меоваранд. Шахсан ман меваҳои черимойяро харида чашидам. Ҳарчанд дар фурӯшгоҳо гоҳ-гоҳ пайдо мешавад, аз сабаби маззаи хуб доштанаш, черимойя ҷойи ҳамешагии худро ба наздики дар фурӯшгоҳҳо пайдо хоҳад кард.

Черимойя номи бозории меваи дарахти – (Annona cherimola) мебошад, ки хеле бисёр истифода мешавад, ин дарахт дар воддии Анд дар баландии 1500 м аз сатҳи баҳр аз Колумбиё то Перу мерӯяд. Вай ҳароратро дар баъзе ҷойҳои паст ҳам паси сар мекунад, барои ҳамин Шумо черимойяро дар бисёр минтақаҳои гармӣ ҷаҳон пайдо метавонед кард, дар Исроил ва Испанияи ҷанубӣ низ. Ба ин оила тақрибан 120 навъ таалуқ доранд.

Черимойя пӯстаи бӯриёии сабзу-қаҳваи дорад. Сатҳи он ноҳамвор аст, ва ҳамин хел ба назар мерасад, ки дар черимойя ҷойҳои ангуштонатон пас аз пахш кардан монда бошад. Ба баъзе одамон ин боми чӯбиро ба хотир меорад. Меваҳои сахти на пухтаро барои мулоим кардан, Шумо метавонде дар ҳарорати хонагӣ гузоред. Дар дохилаш мағзи ранги кремӣ дошта вуҷуд дорад, ки аз рӯи маззааш банан бо ананасро ба хотир меоварад, ва тақрибан 10 – 20 тухмҳои сиёҳ ба лӯбиёмонанд ҳастанд, ки марговар заҳрдор мебошанд. Мағз ё хамираи черимойяро хом истеъмол мекунанд.

Тухмҳоро метавонед дар хона ва ё гармхона кишт кунед. Вақти сабзиш гуногун аст, аммо одатан дар давоми 3 ҳафта тухмҳо месабзанд. Ҳарорат барои сабзиши тухм бояд тақрибан 27 C° бошад. Ниҳолҳои аз тухмрӯйида ранги гулобӣ доранд. Аммо дертар рангашон бануртар ва ё ториктар сабз хоҳад шуд, баргҳои онҳо бо дарозии тақрибан 10–15 см, шакли тухмонандро мегиранд ва кирк болопӯш мекунад, аммо дар тарафи дигараш бошад рагабандии ботартиб пайдо мешавад. Зимистон баргҳо қисман мерезанд. Дар вақти осеб дидан онҳо бӯйи махсус доранд. Дар ҷойҳое, ки баргҳо рехтаанд, шохаҳои нав мерӯянд. Ба ҳамаи навъҳои оилаи анноновҳо нури бисёр ва зимистонгузаронии дуруст лозим аст, ки байни боғдорон ин нукта зери суолҳо мебошад. Ман аннонро тамоми зимистон дар ҳуҷрае бо ҳарорати 10 –15C° мегузорам. Зимистон метавон бархе аз ниҳолҳои дигарро дар ҳарорати хона парвариш кард ва бо ин роҳ мушоҳида кард, ки дар он аннона пештар мерӯяд.

Одатан аннона дар 3 – 5 сол мерӯяд. То шукуфтан пажмурда менамояд ва бисёр баргҳояш мерезанд. Гулҳои зардча дар ҷойҳои баргҳои рехташуда мешукуфанд ё дар як вақт бо баргҳои ҷавон мерӯянд. Барои гардзанӣ 2 ниҳол лозим аст, ки метавонед дастӣ гард занед. Пухта расидани меваҳо то 5–7 моҳ давом мекунад.

Аз дидани сараи ҳамеша пажмурда менамуда рӯафтода нашавед. Хушкии на он қадар тӯлонӣ ба ниҳол таъсире намерасонад, аммо Шумо бояд онро зимистон низ об диҳед. Агар Шумо майл дошта бошед, метавонед дигар навъҳои аҷиберо аз оилаи анноновҳо дастрас кунед:

Annona sqamosa – аннона сабӯсдор меваҳои «сабӯсӣ» дорад, ки ҷалғӯзаҳои арчаро ба хотир меоранд. Инчунин онҳоро боз чун себи қандӣ ном мебаранд. Онҳо ранги сабз ё зарду-сабз доранд.

Annona reticulata – аннона бофта, аз сабаи рангаш, хунро ба хотир меорад, ки «дили харӣ» ё «барзаговӣ» ном дорад, мағзаи сахти ширин дорад.

Annona muricata – аннона бо хорҳои мулоим, ки боз гуанабана ном дорад, аз ҳама калонтарин (вазн 1,5 – 5 кг) ва «аз ҳама тропикитарин » меваҳо дорад, ки дар тана пайдо мешаванд ва хорҳои то нимантиметра доранд. Онҳо ранги сабз доранд. Аз баргҳояш чойи короссоловӣ тайёр мекунанд.

««« Матни баъдӣ: Дарахти нонӣ Artocarpus odoratissimus Матни қаблӣ: Тамоку Nicotiana glauca – ниҳоли айвонии чашмандоз балконное растение »»»

Панҷшанбе 11.6.2009 13:03 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.