Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Мо авокадоро кишт мекунем

Авокадо (ботаникӣ ноки аллигатор – Persea americana) дарахти тропикӣ буда баландиаш 6–20 м мебошад. Дар табиат аз Мексика то Бразилия мерӯяд. Дар ҳоли ҳозир дар тамоми минтақаи тропикӣ ва субтропикӣ мерӯяд.

Баргҳо маҳзуф буда, нугҳои тез, чарммонанд, ҷилодор, ранги сабзи равшан ё торик, дар тарафи дигар хокистарранг мебошанд. Барги афлесун-норинҷро ба ёд меорад.

Бо рангҳои калони гуногун аз 100–300 рангҳо иборат буда мерӯяд, аммо танҳо аммо танҳо тақрибан 0,1% гардафшонӣ мекунад. Ягона сабаб ин аст, ки дар рӯзи якуми шукуфа, танҳо моддагул пухта расида аст, ин дар ҳолест, ки наргиёҳ болиғ намебошад. Баъдан гул ба як рӯз маҳкам мешавад. Рӯзи баъди гул кушода мешавад, наргиёҳ пухта мерасад, аммо моддагул аллакай пажмурда мешавад. Ба ғайр аз ин, гулҳо бо наргиёҳҳои пухта ва моддагулҳо дар вақтҳои гуногуни рӯз кушода мешаванд.

Мева ба тухм ё нок монанди дорад. Тибқи он навъҳо ба се гурӯҳи ҷуғрофӣ ҷудо мешаванд:

  1. Гурӯҳи Антилӣ (тропикӣ) аз манотиқи поёнии тропикӣ сарчашма мегирад (то 800 м аз сатҳи баҳр). Мисол, ба ин навъҳои «Валдин», «Симмондс» ва «Шоҳзодаи Сиёҳ» (Waldin, Simmonds, Black Prince) таалуқ доранд. Онҳо ба барф ҳасос мебошад. Меваҳо танҳо 0,4–1,5 кг вазн доранд.
  2. Гватемалӣ (нимтропикӣ) аз манотиқи кӯҳии тропикӣ сарчашма мегирад (800–2.800 м аз сатҳи баҳр). Намояндагонии намунавии ин гурӯҳ навъи «Бемик» ва «Гасс» (Bemik, Hass) мебошанд. Дар давоми вақти кӯтоҳ онҳо пастшавии ҳароратро то 0 C° нигоҳ медоранд. Меваҳо 0,5–1,5 кг вазн доранд.
  3. Мексиканӣ (субтропикӣ) аз манотиқи субтропикӣ сарчашма мегирад. Ба ин намудҳои бештар ба ҳароратҳои паст тобовар таалуқ доранд (бидуни без ҳисорот дар тӯли вақти кӯтоҳ ба ҳарорати тақрибан – 4 C° тоб меоваранд). Навъҳои ин гурӯҳро бештар кишт мекунанд. Мисол, навъҳои «Готфрид» ва «Пернод» (Gottfried, Pernod) ба ин таалуқ доранд. Меваҳои хур мебошанд (то 250 г).

Дар ҳоли ҳозир навъҳои вуҷуд доранд, ки тариқи пайванд кардани навъҳои ду гурӯҳ гирифта шудаанд (аз ҳама бештар гватемалӣ ва мексиканӣ). Барои мо танҳо навъи гурӯҳи мексиканӣ лозим аст. Эҳтимол аз сабаби шукуфтан бо душвориӣ меваҳо пажмурда намешаванд, аммо бо далели баргҳои ҷолиб ин навъ барои дохили хона муносиб аст. Авокадо, ки аз тухм кишт шудааст, дар 6–8 сол мешукуфад. Ба авокадо ранги паҳн шуда лозим аст. Шумо онро метавонед дар хона, корхона ё гармхона парвариш намоед. Тобистон Шумо метавонед онро дар айвон ё боғ гузоред.

Аз замин он талаботе надоред. Барои вай замини сабук, хоки миёнашӯр, ки одатан дар боғдорӣ истифода мешавад кифоя аст. Тамоми сол замини нам, аммо на замина аз ҳад зиёд обдиҳанд лозим аст. Агар аз хушки осеб бинад, баргаҳояшро мепартояд. Обпошӣ ба таврӣ даврӣ ба ин фоидаовар аст.

Бо тухм зиёд кардани авокадо осон аст. Тариқи пайванд танҳо баъзе навъҳоро зиёд кардан мумкин аст.

Тарафи кунди тухмро поён карда аваал онҳоро лозим меояд бо об тар кунем. Тухмҳоро то замоне тар кунед онҳо ба сабзиш шурӯъ кунанд. (Барои напӯсидани онҳо, ман ба Шумо тавсия медиҳам, ки беш аз 3 моҳ тар накунед. Агар дар тӯли се моҳ тухмҳо ба сабзиш дар тарӣ шурӯъ накунанд, онҳо то ҳол метавонед шинонед. Одатан пас аз шинонидан тухмҳо месабзанд ва нашъунамо мекунанд.).

Тухмҳоро бо поён кардани тарафи кунди ба 3/4 шинонед. Ман онҳоро як-як дар хуми калон шинонидам, ки баъдан лозим меояд бо шиша онҳо пӯшида шаванд. Бо ин роҳ дар онҳо муҳити намӣ тӯлони мешавад ва ба рӯйиш мусоидат мекунад. Хоки шинонидани (зерлоя) аз рӯи сабукӣ ва ҳаводор буданаш интихоб намоед, ин барои бо осонӣ гузаштани обӣ зиёдатӣ. Варақаи шишаро ҳар рӯз тақриба ба 30 дақиқа аз гиред, ки тухмҳо бо мағор пӯшида нашаванд.

Беҳтар аз ҳама тухмҳо дар гармӣ тамоми рӯз бошанд. Ҳарорати хуб баланд аз 25 C° аст. Баъд аз баромадани баргҳои аввал, ҳарорати хонагӣ кифоя аст.

Ҳарорати гармро бо осонӣ метавонед нигоҳ доред, танҳо агар Шумо гулдонро дар назди радиатори гарм гузоред. Барои ҳамин тухмҳои тозаро зимистони дар вақти фасли гармидиҳии шинонида шавад.

Дар шароитҳои мо авокадо тез мерӯяд. Дарахти шохадор бо қомати тақрибан 1 м метавонад дар давоми 2 сол калон шавад.

Эҳтимол меваҳои авокадо дар шароитҳои мо зироат кардан ғайри имкон аст. Аммо имрӯзҳо онҳо бидуни мушкилӣ метавон дар мағозаҳо дарёфт кард. Мутасиффона, ниҳолҳоро аз тухмҳои меваҳои аз мағоза харида шуда, Шумо наметавонед кишт кунед (онҳо на ҳамеша месабзанд, чун он ин меваҳо дар вақти пухта нарасидан ҷамъ оварда шудаанд).

Авокадо меваи хеле моддамағзӣ дар ҷаҳон аст. Миқдори қуввагии он баробар ба 840 kJ дар 100 г мағз (барои муқоиса: бананҳо 355 kJ, манго 215, папайя – анбӯҳи ҳиндӣ 180, помидорҳо 90, бодиринг фақат 0,64). Боз авокадо равғани 5–32% дар пӯст тез тоза мешударо дар бар мегирад ва ҳамчун як ашъёи ороишии гарон ба шумо меравад. Тибқи таркиби кимёӣ авокадо дар ин назар мева нест илова бар ин онро ба ин гурӯҳ ҳам изофа намекунанд.

Бештар онро хом истеъмол мекунанд. Аввал мебуранд, каме афшурдаи лимӯ, намак ва чоштӣ илова карда бо қошуқ мехӯранд. Дар шумораи оянда Шумо метавонед В будущем номере якчанд тавсияҳоеро оиди авокадо дар ёфт кунед.

««« Матни баъдӣ: Чӣ тавр дуруст чаманро (газон) паст бояд кард? Матни қаблӣ: Мо садафи хӯрокро (Pleurotus ostreatus) парвариш мекунем »»»

Чоршанбе 10.6.2009 07:57 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.