Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Мо садафи хӯрокро (Pleurotus ostreatus) парвариш мекунем

Дар ҳоли ҳозир садафи хӯрокӣ (Pleurotus ostreatus) назар ба шампинонҳо машҳуртар гардидааст. Дар муқоиса бо шампинонҳо, садафаи хӯрокӣ як хосияти хуб дорад – онро бо занбурӯғи заҳролуд, ки боз бо номи «ядовитая бледная поганка» машҳур аст иваз кардан номумкин аст.

Занбурӯғ аз витаминҳо, аминокислотаҳо ва моддаҳои минералӣ бой аст, ки инсонро аз таъсири моддаҳои токсикӣ муҳофизат менамояд. Боз занбурӯғ сатҳи холестеролро дар хун поён мекунад. Занбурӯғ маводи хӯрокии кӯвватпаст аст. Барои ҳамин он барои парҳезҳои пасткалорӣ дуруст аст. Боз пиндошта мешавад, ки он моддаҳои зидди касалии ракро низ дорад.

Роҳнамои парваришкунии садафи хӯрокӣ (Pleurotus ostreatus)

Барои парвариши садафи хӯрокӣ Шумо 2 имконият доред – ё Шумо онро дар коҳ дар халтаҳои полиэтиленӣ парвариш мекунед, ё дар кундаҳои чӯбӣ.

Парвариши дар коҳ дар халтаҳои полиэтиленӣ

Аввал коҳро омода кунед. Пеш аз истифодаи коҳ, онро бояд барои аз бактерияҳо дур булан тоза кардан лозим аст, инчунин ҳар гуна мағор ва боқимондаҳои занбуруғро низ бояд тоза кард. 2 имконоти тозакунӣ вуҷуд дорад:

  1. коҳро ба зарфи калон (тағора, сатил) гузоред, об резед ва муддати 1 соат дар ҳарорати тақрибан 100 oC ҷӯшонед. Пас коҳро то 20–25 oC хунук кунед.
  2. дуюм (соддатар) имконият коҳро ба зарфи калон мегузоред, баъдан оби гарм рехта хунукшавии онро мунтазир мешавед. Баъдан обро аз зарф гиред ва ба коҳ бори дигар об резед. Баъд аз хунук шудани то 20–25 oC коҳ барои пайвандзанӣ тайёр аст.

Пайванд задани зерлоя (коҳсоломы) бо ҳамин усул аст, ки Шумо ба халтаи калон бо навбат коҳ ва зерлояи пайвандзаниро мегузоред. Як пакет зерлояи пайвандзанӣ ба 15–20 кг коҳи нам кифоя буда, ба ҳаҷми халтаи полиэтиленӣ, ки тақрибан 50×100 см рост меояд. Баъд аз пур кардани халта онро маҳкам кунед (бандед). Бо лезвия (теға) ё корд дар пактет сурохиҳо буред, ки ҳаҷмашон 3–5 см, тақрибан 10 бурриш дар 1 халта бошад. Агар маводи коштаниро дар муҳити паст намӣ мехоҳед парвариш кунед, беҳтараш бурришҳоро кам кунед (дар ҳолати лозими метавонед якчанд сурохиро бо корд кунед). Пас аз пайвандзании халта дар ҷой нимторик онро гузоред (ин барои дур будан аз нурҳои офтобӣ). Ҳарорати хуб барои парвариши занбурӯғ 15–25 oC мебошад. Ҳамон қадар ҳарорат баланд бошад, ҳамон қадар занбурӯғ тез мерӯяд (ва дар як вақт моддаҳои ғизоӣ дар коҳ тезтар сарфа мешаванд). Аз ин рӯ барои Шумо лозим аст, ки ҳароратро дуруст мутобиқи чи қадар садафи хӯрокӣ ба Шумо зарар аст, идора кунед. Агар ҳосили занбурӯғ аз истеъмоли худи он зиёд шавад, халтаро ба ҷойи хунуктар гузоред. Агар ниёз ба ҳосили зиёди занбурӯғ бошад, дар ин ҳолат онро ба ҷойи гарм гузоштан лозим аст. Садафи хӯрокӣ дар давоми 3–4 моҳ ҳосил медиҳад, баъд моддаҳои ғиззоӣ дар халта ба охир мерасанд ва ниёз ба зироати нав хоҳад шуд (инро тавассути пайвандзании (прививка) коҳи нав бо коҳи кӯҳна кардан мумкин аст). Аз як пакет метавон 2–4 кг занбурӯғ рӯёнид.

Парвариш дар кунда

Садафи хӯроки дар табиат дар дарахтони баргрез мерӯяд. Барои ҳамин Шумо метавонед онро дар кундаҳо 30–80 см рӯёнед. Кундаҳои ҳамаи дарахтони баргрез (на арчамонандҳо!) истифода бурдан мумкин аст. Кунда бояд на зиёд аз ним сол захира шавад. Имкониятҳои зиёди пайвандзании (прививка) кундаҳо мавҷуд аст. Аз ҳама муҳим, ин, ки маводи коштани бо кунда бояд ба алоқа омада занбурӯғҳо дар кунда бирӯянд. Дар кундаҳо сурохҳо ва бо арра бурришҳо кунед, баъдан зерлояи пайвандзаниро дари ин сӯрохҳо ва бурришҳо гузоред. Баъд кундаҳоро ба халта гузоред ва ба муддати 2–3 моҳ барои рӯйидани риштаҳои занбурӯғ гузоред. Баъдан риштаҳои расидаи кундаҳоро дар қисми сояи боғ дар 1/3 ба замин гузоред. Дар вақти хушки ва камборришоти об пошед. Ҳосилро аз кунда дар 2–5 сол метавонед ҷамъоварӣ кунед(вобаста аз қуввати ғизодиҳии кунда).

Фурӯши маводи коштании садафи хӯрокӣ (вешенки)



««« Матни баъдӣ: Мо авокадоро кишт мекунем Матни қаблӣ: Дарахти нонӣ Artocarpus odoratissimus »»»

Чоршанбе 10.6.2009 09:53 | Чоп | Занбурӯғҳои хурданӣ

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.