Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Чӣ тавр дуруст чаманро (газон) паст бояд кард?

Барои дидани чамани пурра ва ғафс рӯидашуда, онро лозим меояд дуруст паст кард. Барои он, ки ҳар дарахти санавбар ё арча зебо наменамояд, агар дар назди он чамани аз байнрафта истода бошад.

Дар вакти паст кардан дуруст амал кунед, ки мо чаманро аз баландии аввала 1/3 паст мекунем. Ин мазмуни онро дорад, ки дар вақти паст кардани чамани 6 см, мо 4 см гузошта паст мекунем. Баландии матлуби чаман 2–3 см аст. Агар Шумо хеле паст кунед, инҷо хатаре ба миён хоҳад омад, ки метавонад чаманро ба хушкшави оварда расонад. Агар Шумо хеле майли пасттар кардани чаманро доред, пас дуруст ва хуб нам карадни онро фаромӯш накунед (тақрибан 10–15 л об ба 1 м²).

Мо аз 2 намуди мошини чаманзанӣ истифода мебарем – классикӣ ва «кудгиёҳдиҳандагӣ».

Мошинҳои чаманзании кудгиёҳӣ алафҳои буридаро ҷамъ накарда, онҳоро хеле майда мекунад ва тамоми чаман пош медиҳад. Бо ин усул, чаман баъд аз ҳар чаманзанӣ бо роҳи худкорӣ куд дода мешавад. Агар дар чаман Шумо ҳавзи оббозӣ доред ин намуд мошини чаманзанӣ рост намеояд, чун алафҳои пошидашуда ба ҳафз резад ва ё дар ҳолати роҳ гаштан дар чаман ва назди ҳафз омадан алафрезаҳо ба ҳафз резанд. Ин намуд чаманҳоро беҳтараш бо мошинҳои чаманзании классикӣ, ки сабад доранд, метавонед паст кунед. Алафҳо ва алафрезаҳо дар сабад ҷамъ мешаванд.

Дар ҳоли ҳозир мошинҳои чаманзании универсалӣ вуҷуд доранд. Агар Шумо ба онҳо сабаде барои ҷамъ кардани алафрезаҳо гузоред – пас ин мошин ба мошини классикӣ табдил меёбад, агар сабадро насб накунед – пас ин мошинро чун мошини кудгиёҳдиҳандагӣ истифоба метавонед бурд.

Мошинҳои чаманзанӣ танҳо барои паст кардани чамани каҷи камтар аз 15º истифода бурда мешаванд. Агар шумо дар майдони баланд чаман дошта бошед – пас чаманзани дастиро истифода баред. Чаманзани дастӣ боз дар назди буттаҳо, дарахтон ва ниҳолҳои бисёрсолае, ки дар чаман ва ё назди он шинонида шудаанд истифода бурда шавад.

««« Матни баъдӣ: Роши Ҳиндӣ Pongamia pinnata Матни қаблӣ: Мо авокадоро кишт мекунем »»»

Чоршанбе 10.6.2009 06:50 | Чоп | Алаф

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.