Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Роши Ҳиндӣ Pongamia pinnata

Pongamia pinnata (Indian Beech Tree, Honge Tree, Pongam Tree, Panigrahi) дарахти баргрез аз оилаи лӯбиёҳо (Fabaceae) мебошад, ки сарчашмаи он аз Ҳиндустон буда, дар Осиёи Ҷанубу-Шарқӣ парвариш мешавад.

Роши ҳиндӣ то 15–25 метр қомат меафрозад ва сара калон дорад. Гулҳои гуногунрангӣ сафед, гулобӣ ё рангори хушбӯӣ дорад.

Ин навъ дарахт ва ҳарарати баланд ва нурҳои баланди офтобӣ аз сабаби системаи решагӣ тобовар мебошад, инчунин ба хушки хеле тобовар аст. Дар табиат роши ҳиндӣ дар заминҳои регзор ва сангӣ мерӯяд, боз дар заминҳои санги гаҷ мерӯяд. Онро дар бисёр намудҳои замин бо иловаи замини шӯр низ рӯёнидан мумкин аст. Одатан ин дарахтро дар ҷойҳои хушк чун дарахти бодшикан ё дар шаҳрҳо барои соя кардан мерӯёнанд. Пӯстаҳои он барои истеҳсоли ресмон ва арғамчин ва ё барои истеҳсоли резини сиёҳ, ки барои муолиҷаи захмҳои аз тарафи моҳиҳои заҳрдор барангехта мешавад, истифода мешавад. Маҳз барои доштани хусусияти пешгири азоти ҳавоӣ, роши ҳиндиро дар ҷойҳое мешинонанд, ки моддаҳои ғиззодорро барои бой гардонидани замин надоранд. Гарчи ин ниҳол заҳрдор аст, онро дар тиб истифода мебаранд. Шарбат ва равғани ин ниҳол таъсири антисептикӣ (давои зидди афюнӣ) дорад. Равғани тухмҳояшро одатан барои чароғ, барои истеҳсоли собун ва моддаҳои чарбукунӣ истифода мебаранд. Дар ҳоли ҳозир аҳмияти он бо алоқманди барои имконияти истифода бурдан ба чун биосӯзишворӣ рӯз то рӯз баланд рафта истодааст.

««« Матни баъдӣ: Мо пепинро кишт мекунем Матни қаблӣ: Чӣ тавр дуруст чаманро (газон) паст бояд кард? »»»

Чоршанбе 10.6.2009 04:05 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.