Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Мо пепинро кишт мекунем

Ватани пепино (номи ботаникӣ Solanum muricatum) эҳтимолан Перу ё Колумбиё бошад. Аз онҷо пепино ба тамоми Амрикои Лотинӣ ва берун аз он паҳн шудааст. Дар ҳоли ҳозир бештар он дар Боливия, Эквадорв в Зеландияи Нав кишт мешавад.

Тақрибан соли 1785 пепино ба Аврупо расид. Якум аврупоие, ки ба кишти пепино шурӯъ карда Людвик XVI, инчунин ҷамъияти боғдории Шоҳигарӣ дар Кю (Kew) (дар Лондон) буд.

Ҳиндҳои Амрикои Ҷанубӣ онро чун качума (cachuma) ном мебаранд. Мо номи испониёлӣ он пепино истифода мебаред, ки тарҷумаи он бодиринги хӯрришӣ аст. Номи инлисии он melon shrub буда, тарҷумаи он буттаи харбузагӣ буда, хубтар ба маззаи он маъно медиҳад.

Пепино буттаест, ки то 1 м мерӯяд. Дар ватани худ бутта бисёрсола аст, ки дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр мерӯяд. Дар мо бошад, он чун як ниҳоли яксола мерӯяд. Гулҳои пепино гулҳои себи замини – картошкаро ба хотир меоранд, онҳо ранги бунафш ё сафед бо хатҳои бунафш доранд. Ҳарчанд ин ниҳол дуҷинса аст, аммо барои ҳосили хуб гардафшонии иловагӣ тавсия мешавад (махсусан дар гармхонаҳо).

Барои боғбон-дӯстдор бештар шавқ ба меваи он мебошад. Аз рӯи шакл папино авокадоро (ноки калонро) ба хотир меорад, ҳаҷмаш тақрибан 15 см. Онҳо бӯйи хуб ва маззаи ширин доранд. Бештар рангаш зард, кремранг, хатҳои бунафши банур, ва бидуни тухмҳо мешаванд. Дар намуди хом истеъмол мешавад, инчунин дам карда мешава ё дар оташ пухта мешавад …

Меваҷотро дар намуди хом истеъмол мекунанд, ва инчунин ҳамчун хӯрриши мевагӣ (порраҳои майда майдаи меваҳо тақсим карда ба он шарбати лимӯ мерезанд, барои тайёр кардани ин намуд хӯрриш Шумо метавонед аз навъҳои гуногуни меваҷоти мо истифода баред.). Пепинои дамшударо бештар бар сифати чоштӣ-ороишӣ истифода мебаранд. Пепинои дар оташ пухташуда дар хӯроки дуюм истеъмол мешавад. Ба шахсоне, ки пепино бемазза менамояд, метавонанд бо истифодаи чоштиҳои хушмаззакунанда (дорчин-корица, бодиёни румӣ, анисун; шарбати лимӯ, анор ё шарбати маракуев – меваҳои 2 охирин намудҳои ёдовар шударо Шумо метавонед худатон аз тухмҳое кишт кунед, ки дар феҳристи овардашудаи ман дар молҳои Воридот) метавонед маззае илова намоед. Меваҳои зиёдатиро Шумо метавонед дар шароити хонагӣ консерв кунед (алоҳида ё бо омехта кардани навъҳои гуногуни меваҳо – мисол, помидорҳо, қаламфур ё дигар меваҷот). Пепино бо сатҳи баробар аз хок талаботи зиёд дорад, чун ин ё он сабзавоти дар тропикҳои сарчашмагирифта (мисол, қаламфур, томат). Пеш аз ҳама, хок бояд сабук, ҳавогузар, ғизодиҳанда, ва ҳамеша нам бошад. Аз кишти таҷрибавӣ маълум шуд, ки ҳосили аз ҳама беҳтаринро дар зарфҳои ҳаҷмашон 40 литр (барои як ниҳол) медиҳад, хок бо фолгаи сиёҳ пӯшида бошад (тақрибан 40–45 меваҷот ҳар сол).

Дар табиат пепиноро ба мисоли помидор кишт мекунанд. Дар вақти сабзиш як маротиба дар як ҳафта пору додан лозим аст. Аз ҳама беҳтарин пору Harmavit (он дар ҳар мағозаи боғдорӣ дар фурӯш аст)будааст, ки натиҷаҳои хуб дод. Ин пору бевосита ба хок ва ё баргҳо пошида мешавад.

Пепиноро тариқи бурришҳои дарозиашон тақрибан 15 см зиёд карда мешавад. Онҳоро моҳҳои феврал – март интихоб кардан лозим аст. Барои тезтар шудани решаронӣ Шумо метавонед аз барангезандаи рӯйиш барои коркарди онҳо истифода баред. Баъдан онҳоро ба реги дар гармхона ва ё хона буда фишор диҳед. Давоми як моҳ онҳо реша меронанд. Ниҳолҳои ҷавон баъд аз се моҳ пас аз решаронӣ ба шукуфтан шурӯъ мекунанд. Пепиноро боз бо тухмҳо зиёд кардан мумкин аст. Аммо ин усул камфоидаовар аст, чун ниҳол миқдори ками тухмҳоро ҳосил мекунад. Ба ғайр аз ин, дар ниҳолтухмҳо меваҳои меваҳои на он қадар босифат ҳосил мешаванд.

Пепино аз ҳамон касалиҳо ва зиёновароне, ки ба дигар намудҳои ҳамин оила (помидорҳо, қаламфур) зарар меоварад, осеб мебинад. Бештар аз ҳама зиёноварон зиёновари картошка Phytophthora infestans мебошад. Зидди ин ҳашарот Шумо метавонед аз Kuprikol 50 (дар контсентратсия 0,6 %, яъне 60 г ба 10 л об; мӯҳлати муҳофизат, ки дар ин вақт меваҳо дар хӯрок истеъмол намешаванд, баробар ба 7 рӯз) истифода баред ё аз Dithane M 45 (дар контсентратсия. 0,2%, яъне 20 г ба 10 л об; мӯҳлати муҳофизат, ки дар ин вақт меваҳо дар хӯрок истеъмол намешаванд, баробар ба 21 рӯз) истифода баред.

Зимистонро пепино бодя дар гармӣ гузаронад (дар гармхона, дар хона ва ғайраҳо). Ҳарорат на бояд аз 5 Cº поён бошад. Баҳорон аз модар ниҳолҳо бурришҳоро барои решаронӣ гиред, ниҳолҳои кӯҳнаро бошад нобуд созед, чун парвариши баъдии онҳо бефоида аст.

Пепиноро ман дар пешниҳоди худ илова кардан намехоҳам, чун ин намуд аллакай дар мо ба таври даврӣ дар фурӯш аст, барои ҳамин ба бисёрии Шумо ин шояд шавқовар набошад. Ба ғайр аз ин, пепино инчунин бо нархи зерин дастрас аст – нархи миёна тақрибан 1 Евро.

««« Матни баъдӣ: Нилуфари обии ҳиндӣ (Nelumbo nucifera) Матни қаблӣ: Роши Ҳиндӣ Pongamia pinnata »»»

Сешанбе 9.6.2009 12:43 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.