Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Нилуфари обии ҳиндӣ (Nelumbo nucifera)

picture

Гули нилуфар

Нилуфари обии ҳиндӣ (Nelumbo nucifera) як гиёҳи обии зебо бо баргҳои сабзи хокистарранг намуд ва гулҳои гулобӣ дар боло паҳн шуда аст. Дар ҷашнвораҳои мазҳабӣ Буддоиҳо аз ин гул истифода мебаранд, ҳамаи ниҳол хӯрданӣ аст (дар аввал дар хӯрок тухмҳо ва чормағзҳои заминиро истеъмол мекунанд), нилуфари обии ҳиндӣ барои омода кардани хӯрокҳои гуногун дар тамоми Осиёи Ҷанубу Шарқи истифода мешавад. Ин ниҳоли ботлоқиро, метавон чун нулуфари обӣ парвариш кард. Парвариши нилуфари обии ҳиндӣ душвор нест, танҳо барои ин чӣ тавр парвариш карданро донистан зарур аст.

Пеш аз «кишт кардани» тухмҳо онҳоро бояд тоза кард, чун пӯстаи онҳо бо моддаи махсус пӯшида шуда тамоман обро намегузаронад. Барои ҳамин тухмҳо умуман бидуни тоза кардан сабзонидан ғайри имкон мебошад ва насабзидани онҳо аз сабаби об нарасидан аз эҳтимол дур нест. Тухмҳои коркард нашуда қобилияти сабзишро ҳазорсолаҳои метавонанд захира кунанд, агар Шумо бидуни тоза кардан онҳоро бо об тар карда бошед, Шумо эҳтимол як чанд сол барои сабзиши онҳо мунтазир хоҳед шуд.

picture

Тухмҳои сабзидаистодаи нилуфар

Чӣ тавр Шумо метавонед муайян кунед, ки тухмҳо коркарда шудаанд? Дар ҳолати коркарди кифояи тухмҳо бо ёрии санги тарроша (наждак) ба тухмҳо имкон медиҳад, ки дар давоми 24 соат ҳаҷми худро ду маротиба калон кунанд. Агар ин бузургшавӣ рух надиҳад, боз каме тухмҳоро бо санги тарроша тоза кунед. Ва боз, агар дар давоми 24 соат ҳаҷми тухмҳо калон нашавад, тозакуниро боз то калон шудани тухмҳо такрор кунед.

Ба онҳо танҳо об лозим аст … Баъд аз коркарди тухмҳо, онҳоро ба зарфи обдор гузоред. Ҳатто дар ҳарорати тақрибан 20 °C тухмҳо дар давоми 24 соат ҳаҷми худро ду маротиба калон мекунанд. Дар аввал ҳарорати хуб 27–28 °C мебошад. Дар ин ҳарорат сабзиши тухмҳо тез мешавад ва паз аз як ҳафта ба Шумо ниҳол бо баргҳояш назаррас хоҳад шуд. Нигаред ба аксҳо дар http://www.victoria-adventure.org/…om_seed.html

Баъд аз ба шакл даромадани барги якуми ниҳол онро ба ҷойи дигари муносиб бо зерлояи ботлоқӣ кӯчонидан лозим аст, ё гузоштани он ба сангрезаҳо (ки дар аквариумаҳо истифода мешаванд) ва ҳамаи ниҳолро ба обанбор (аквариум, кӯл) бо сатҳи обӣ на кам аз 30 см гузоштан зарур аст. Агар Шумо барои зерлоя рег ё санрезаҳои аквариумро истифода мебаред, Шумо метавонед нилуфари обии ҳиндиро бо моҳичаҳо дар аквариум парвариш кунед.

Рафта рафта (бо бузургшавӣ) барои ниҳол макони васеъ зарур мешавад. Шумо метавонед нилуфари обии ҳиндиро дар кӯлчаи боғ ва ё гармхона парвариш кунед, ки онҷо вай аз сардӣ зарар набинад. Ҳарорати хуб барои парвариш 20–35°C мебошад. Дар шароитҳои обу ҳавои мо, ҳарорати паст ҳамарӯза аст, аммо ниҳолҳо бидуни мушкили мерӯянд. Тобистон метавонед нилуфарро ба берун ба кӯлча бароред, аммо дар зимистон онро бояд ба дарун дароред. Нилуфар ҳатто дар таҳхонаи нам ҳам метавонад зимистонро паси сар кунад.

Усули хуби парвариши нилуфар ин дар сатилҳои калон нигоҳ доштани он мебошад(нархи сатилҳои 60 то 80 литр тақрибан 10 Евро мебошад). Ниҳолро шумо метавонед дар ягон зерлояи (ботлоқӣ ё регу сангрезаи аквариум), дар як гулдон ҷой дода ба сатил гузоред. Вақте, ки сатилро бо об пурра мекунед барои нилуфар Шумо як муҳити хуберо муҳайё мекунед. Аз дигар тараф, истифодаи сатил ба шумо имкони медиҳад, ки онро дар вақти лозимӣ ба боғи зимистона ва ё хона дароред, беҳтараш дар назди тиреза гузоред (беҳтараш дар айвон), ва ниҳол дар ин муҳити офтобӣ ваг армии хона осеб нахоҳад дид. Зимистон сатилро метавонед ба айвони тарафи ҷанубӣ бароред ва ё ба боғ бароред. Чи хеле ки фаҳмидед, нилуфарро мумкин аст дар хонаҳои қабатӣ низ парвариш кардан имконпазир аст!

««« Матни баъдӣ: Палмаи ба сардӣ тобовар (палмаи хордор) Rhapidophyllum hystrix Матни қаблӣ: Мо пепинро кишт мекунем »»»

Душанбе 8.6.2009 09:42 | Чоп | Ниҳолҳои обӣ ва ботлоқӣ

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.