Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix English Edition

Велвичиа аҷиб (Welwitschia mirabilis) – сангвораи зиндарор парвариш намоед

Велвичиаи аҷиб ё велвичиа махсус (Welwitschia mirabilis) як ниҳоли кӯҳан мебошад, ки танҳо дар минтақаҳои хурд ва регистони соҳили уқёнуси Атлантик, дар Намибия ва дар ҷануби Ангола мерӯяд. Ин дарахт, дар аввал чун дарахт ба назар наменамояд. Тамоми намуди ниҳол як решаи доирашакл ва танҳо 2 баргаҳо дорад, ки ҳамеша дар ҳоли нашъунамо аст, ки 2 бандаи печутобхӯрдаи калони 2–4 метраро ба ёд меоварад, аз ин рӯ велвичиа чун як тӯдаи порӯб менамояд. Ва танҳо нутқ дар бораи он меравад, ки ин баргаҳои ниҳол ҳамеша дар ҳоли нашъунамо мебошанд ва нӯгҳои ин баргҳо хушк шуда мемиранд.

picture Аз ин рӯ велвичиа дар давоми тамоми зиндагиаш (боз дар ҳолати мевадиҳӣ низ) ҳамеша чун ниҳоли ҳамешасабз, ки дар ҷаҳони ниҳолҳо истистноист. Велвичиа ниҳоли дупоя, ба мисоли дарахти хурмо аст, аз ҳамин сабаб барои гирифтани тухмҳои он ду ниҳол – нарина ва модина лозим аст. «Гулҳо» дар махрут, яъне дар мағзаҳоя (шишки) қарор доранд (ба монанди дарахтони арча), чун аз зери баргаҳо хуруҷ мекунанд. Махрутҳои модина баъд аз пухта расидан меафтанд ва бисёр тухмҳои сабуки онҳоро шамол паҳн менамояд. Аз рӯи филогенетикӣ – такомули навъҳо ин ниҳол ба гурӯҳи ниҳолҳо хеле кӯҳан таалуқ дорад – гнетофаҳо (Gnetopha), ки ба дарахтони меваҳои махрути дошта, яъне арчаҳо наздик мебошад. Ба гнетофаҳо 3 ҷинсҳои гуногун таалуқ доранд: гнетумҳо (Gnetum) – ниҳолҳои ба ангурмонанди часпанда бо баргаҳои калони васеъканорҳо мебошанд, эфедра (Ephedra) – бутта ва танҳо як велвичиа.

Велвичиа ба хотири як ботаник-гиёҳшиноси словенӣ Фридриха Велвич (Friedrich Welwitsch) номгузорӣ шудааст, ки онро ин гиёҳшинос соли 1860 кашф кардааст, ин ниҳол дар нишонаи давлатии Намибиа тасвир шудааст.

picture Ба шароитҳои душвори регистон отлично тобовар аст. Вай умуман ба боришот вобастагӣ надорад, барои вай туман-тирагие, ки аз уқёнус меояд кифоя мебошад. Инро бояд дар ҳолати парвариш кардан дар хотир нигоҳ дошт. Сабаби асосии нотавонӣ аз ҳад зиёд об додан ва ба пӯсиш оварда расонидани растанӣ мебошад. Аз ин рӯ, тухмҳоро дар табақчаи зерии регдор шинонидан лозим аст (бо бузургии тухмҳои 2–5 мм), чун дар табақчаи зер набояд намии зиёдати бошад, ки ягона санги зериобӣ дар ҳолати парвариш аст. Бо эҳтиётӣ ба велвичия об додани ё беҳтараш об пошидан лозим аст. Тухмҳо дар давоми як ҳафта баъд аз тар кардан берун мешаванд. Ниҳолро метавон дар Растение можно выращивать дар назди равзана, ки ба ҷануб кушода мешавад, парвариш кардан мумкин аст. Дар вақти парвариш пуртоқат шудан лозим аст, чун ин ниҳол хеле суст мерӯяд, ин ниҳол чун як динозаври ҳақиқии зинда аст. Агар Шумо онро бо макони хушк ва равшан таъмин намоед, шумо муваффақ хоҳеш шуд! :-)

««« Матни баъдӣ: Парвариши дарахти себ дар шакли дуки баланду борик Матни қаблӣ: Палмаи ба сардӣ тобовар (палмаи хордор) Rhapidophyllum hystrix »»»

Шанбе 6.6.2009 20:46 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.