Ботаникс - маҷалла дар бораи ниҳолҳо ва боғдорӣ

Botanix

Нилуфари обии ҳиндӣ (Nelumbo nucifera)

picture

Гули нилуфар

Нилуфари обии ҳиндӣ (Nelumbo nucifera) як гиёҳи обии зебо бо баргҳои сабзи хокистарранг намуд ва гулҳои гулобӣ дар боло паҳн шуда аст. Дар ҷашнвораҳои мазҳабӣ Буддоиҳо аз ин гул истифода мебаранд, ҳамаи ниҳол хӯрданӣ аст (дар аввал дар хӯрок тухмҳо ва чормағзҳои заминиро истеъмол мекунанд), нилуфари обии ҳиндӣ барои омода кардани хӯрокҳои гуногун дар тамоми Осиёи Ҷанубу Шарқи истифода мешавад. Ин ниҳоли ботлоқиро, метавон чун нулуфари обӣ парвариш кард. Парвариши нилуфари обии ҳиндӣ душвор нест, танҳо барои ин чӣ тавр парвариш карданро донистан зарур аст.

Душанбе 8.6.2009 09:42 | Чоп | Ниҳолҳои обӣ ва ботлоқӣ

Палмаи ба сардӣ тобовар (палмаи хордор) Rhapidophyllum hystrix

Rhapidophyllum hystrix як намуди палмаест, ки аз ҳама ба сардӣ тобовартарин палмаҳо дар ҷаҳон мебошад, ва илова бар ин ягона намуди аз оилаи бисёрхусусиятноки Rhapidophyllum мебошад. Дар табиат вай дар ҷойҳои ботлоқӣ дар ҷанубу шарқии ИМА мерӯяд. Маҳз ба хосияти ба сарди тобовар будан то ҳарорати – 20 °C ин навъ барои парвариш дар ҷойи кушод хеле қулай аст. Ба хосиятҳои мусбатӣ ин навъ боз қомати на он қадар баланд доштанашро илова намудан мумкин аст (максимум 1–3 метр) ва танаи ҷозиби он, ки бо хорҳои анбӯҳ пӯшида шудааст.

Шанбе 6.6.2009 20:49 | Чоп | Палмаҳо

Велвичиа аҷиб (Welwitschia mirabilis) – сангвораи зиндарор парвариш намоед

Велвичиаи аҷиб ё велвичиа махсус (Welwitschia mirabilis) як ниҳоли кӯҳан мебошад, ки танҳо дар минтақаҳои хурд ва регистони соҳили уқёнуси Атлантик, дар Намибия ва дар ҷануби Ангола мерӯяд. Ин дарахт, дар аввал чун дарахт ба назар наменамояд. Тамоми намуди ниҳол як решаи доирашакл ва танҳо 2 баргаҳо дорад, ки ҳамеша дар ҳоли нашъунамо аст, ки 2 бандаи печутобхӯрдаи калони 2–4 метраро ба ёд меоварад, аз ин рӯ велвичиа чун як тӯдаи порӯб менамояд. Ва танҳо нутқ дар бораи он меравад, ки ин баргаҳои ниҳол ҳамеша дар ҳоли нашъунамо мебошанд ва нӯгҳои ин баргҳо хушк шуда мемиранд.

Шанбе 6.6.2009 20:46 | Чоп | Ниҳолҳои аҷиб

Парвариши дарахти себ дар шакли дуки баланду борик

Иқтисоди бозоргонӣ бо худаш бисёр тағйиротҳоеро овард. Яке аз онҳо афзоиши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ буд, ки барои баланд бардоштани тавлиди истеҳсолот ва ба рақобатпазирии истеҳсолкунандагони мо равона шудааст. Дар боғдорӣ, ин ҳаракат барои самаранок истифода бурдани замин барои зироат, мазмуни ин афзоиш давраи гузариш аз қисми болоии дарахтон ва буттаҳо ба қисми поёнӣ мебошад. Парвариши дарахтони бо қисми болоии паст бидуни баҳс бисёр фоиданок аст, корро осон мекунад ва сифати меваро ба сатҳи нав мегузорад. Дар дарахтони себ, намояндаи дарахтони бо қисми болоиашон паст, ин дарахтони пастрӯянда мебошанд, «дуки баланду борик», «дуки баланду борики олӣ», «дуки офтобӣ» (solar axe) ва ғайраҳо. Яке аз умедбахштарин ва мавриди истифодабудаи онҳо ин дарахти бо шакли «дуки баланду борик – стройное веретено» аст.

Шанбе 6.6.2009 20:42 | Чоп | Дастури рӯёнидан ва парвариш

Гамбӯсаки колорадо зидди NOVODOR FC

Гамбӯсаки колорадоро (Leptinotarsa decemlineata) ман метавонам инҷо муаррифӣ нанамоям. Ҳар кас онро чун як зараррасони картошка – себи заминӣ медонад ва онро бидуни истифодаи моддаҳои «кимёвӣ» аз байн бурдан амри маҳол аст. Аммо на ҳама медонанд, ки дар ҳоли ҳозир аллакай доруҳои биологӣ вуҷуд доранд, ки маҳз бо кӯмаки онҳо ин гамбӯсак дигар ҳаросонкунанда нест.

Шанбе 6.6.2009 20:41 | Чоп | Зиёноварон

Continue: 1-5 6-10 11-15 16-20 21-23

About KPR

Logo of KPR - Gardeners Club Slovakia
KPR - Gardeners Club is an international gardener's organization. Read more...
Share your experiences about the growing of plants. Write an article about gardening, plants, the growing of plants etc. and publish it in your own language edition of our journal Botanix! Contact us for further details.